Дархости ҳамкории муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон барои мубориза бо фасод
(last modified 2020-03-14T13:15:16+00:00 )
Март 14, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳамкории муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон  барои мубориза бо фасод

Маовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз масъулони фарҳангии ин кишвар хост барои мубориза бо фасод бо ин идора ҳамкорӣ кунанд.

Ба нақл аз Спутник, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, нишасте барои баррасии роҳҳои мубориза бо фасод дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд. Шодком Турсунзода, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон афзуд, Вазорати фарҳанг қодир аст бо иҷрои театр, нашри осори адабӣ, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, филмҳои кутоҳ саҳми басазое дар мубориза бо фасод  ифо кунад.

Бинобарин вай пешниҳод кард, ки бо фасод бояд аз роҳи фарҳангсозӣ муқобила кард.

Бар асоси гузоришҳои Ожонси контроли молии давлат ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, соли гузашта ҳудуди 2 ҳазору 100 ҷурм дар Тоҷикистон кашф шуд, ки аз ин теъдод 644 мавриди он густарда ва калон буд.