Март 15, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангкунандаи нави Созмони Миллал дар Душанбе

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳамоҳангкунандаи нави Созмони Миллал дар ин кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз дабирхонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сезин Синон Уғлу дар ин дидор роҳкорҳои тақвияти ниҳодҳои Созмони Миллалро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Миллал Сезин Синон Уғлу, намояндаи Туркияро ба унвони ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони Миллал дар Тоҷикистон таъин кард.

Сезин Синон Уғлу беш аз 25 сол дар заминаи барномаҳои тавсеа собиқаи фаолият дорад, ки 22 соли он дар барномаи тавсеаи Созмони Миллал гузашта аст.

Ӯ пеш аз ин ба унвони ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони Миллал дар Босния ва  Герзеговина ва Муғулистон хидмат кардааст.

 

Барчасп