Вокуниши тунди Тоҷикистон ба гузориши Амрико дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башар
Вокуниши манфии давлатҳои мухталифи ҷаҳон ба гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар заминаи поймолсозии ҳуқуқи башар ҳамчунон идома дорад.
Дар идомаи ин вокунишҳои манфӣ вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ тай баёнияе бо интиқод аз гузориши ахири вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ,ин гузоришро сиёсӣ ва ба дур аз воқеият тавсиф кард.
Шакке нест, ки гузоришҳои солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар заминаи поймолсозии ҳуқуқи башар, бар асоси сиёсатҳои султагарона ва судҷуёнаи Амрико дар кишварҳо ва манотиқи ҷаҳон тадвин ва ироа мешавад. Ба ҳамнин далел аст, ки ҳамвора кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ин гузоришҳо вокунишҳои манфӣ нишон медиҳанд. Дар ин замина ҳатто давлатҳои аврупоӣ низ, ки ҳамоҳанг бо Амрико сиёсатгузорӣ мекунанд , ҳамвора ба гузоришҳои солонаи ин кишвари султагар вокуниши манфӣ нишон медиҳанд.
Дар ин миён ба рағми бархе гузоришҳои мустанади вазорати умури хориҷаи Амрико дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар,озодии баён ва расона дар Тоҷикистон бояд гуфт: Ба далели аҳдофи бади давлати Амрико ин гузоришҳоро наметавон воқеӣ ва бо аҳдофи мусбат арзёбӣ кард. Ба ҳамин далел аст, ки дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон , гузориши ахири Амрико дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мудохила дар умури дохилии як кишвари мустақил қаламдод ва тасреҳ шудааст, ки
ин гузориш бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо таҳия мешавад ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллал аст.
Дар гузориши ахири вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи ҳуқуқи башар, аз давлати Эмомалӣ Раҳмон ва ҳокимияти Тоҷикистон ба унвони як низоми худкома ёд ва иддао шудааст ,ки дар ин кишвар масъулони зиндонҳо даст ба қатли худсаронаи зиндониён мезананд ва шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва зиндониён ба сурати густурда анҷом мешавад.
Мудохила дар зиндагии шахсии ашхос , мушкилоти низоми додгоҳӣ , маҳдудияти ҳамешагӣ дар дастрасӣ ба сомонаҳои интернитӣ , поймолсозии озодиҳои мазҳабӣ, фасоди молӣ ва ришвахорӣ аз дигар иттиҳомҳое аст, ки дар гузориши ахири вазорати умури хориҷаи Амрико алайҳи давлати Душанбе матраҳ шудааст.
Ба рағми интишори гузориши интиқодии Амрико аздавлати Душанбе ва вокунишҳои тунди давлати Тоҷикистон ба ин гузориш , бояд гуфт: Ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф бавежа умури низомӣ ва амниятӣ ҳамчунон фаъол аст. Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои Осиёи марказӣ аз тӯлонитарин марзи муштарак бо Афғонистон, ки бесуботтарин кишвари минтақа маҳсуб мешавад , бархурдор аст. Аз замони оғози амалиёти низомии Амрико дар Афғонистон ва ба хусус дар паи таътилии пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон дар соли 2014 Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи Вашингтон қарор гирифтааст. Ба ҳамин далел , таваҷҷуҳи Амрико ба Тоҷикистон коҳиш намеёбад ва ин мавзӯъ бо адами хурӯҷи комили нируҳои амрикоӣ аз Афғонистон муртабит аст. Дар айни ҳол аз соли 2015 кумакҳои низомии Амрико ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин замина нашрияи интернитии "Евразия" ба нақл аз коршиносони сиёсӣ навиштааст:
Таи чанд соли гузашта Тоҷикистон яке аз дарёфткунандагони аслии кумакҳои низомии Амрико дар бахши омӯзиш ва таҷҳизи нируҳои низомии хориҷии машғули мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи байналмилалӣ буда аст
Галим Фасҳуддинов-коршиноси масоили минтақа дар ин иртибот мӯътақид аст набояд кумакҳои низомӣ - фаннии Амрикоро сирфан ба унвони як иқдоми хайрхоҳона арзёбӣ кард.Вашингтон маъмулан дар ивази ҳар долларе, ки харҷ мекунад , талош дорад камаш 2 доллар ба даст биоварад.
Дар маҷмуъ ба рағми интишори гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико алайҳи давлати Тоҷикистон бисёр аз эҳтимол дур аст, ки робитаҳои ду кишвар дар соли ҷорӣ ва солҳои оянда коҳиш ёбад. Бавежа ки интишори ин гузоришҳо баҳонае барои давлати Вашингтон фароҳам мекунад, то имтиёзҳои мавриди назари худро аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъае назири Тоҷикистон дарёфт намояд.