Ихтисоси 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории коронавирус аз сӯи Бонки Тавсеа
(last modified 2020-03-17T06:38:59+00:00 )
Март 17, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории коронавирус аз сӯи Бонки Тавсеа

Бонки Тавсеаи Осиё барои мубориза бо бемории коронавирус 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад.

Ба нақл аз Спутник, бо кӯмаки Бонки Тавсеаи Осиё , васоили зарурӣ ва асосӣ (ниқоби тиббӣ, дасткаш, дастгоҳи танаффус ва ғайра) харидорӣ мешавад.

Ҳамчунин ин пул барои муроқибат аз саломати модарон ва кӯдакон ҳазина хоҳад шуд.

Вазорати тандурустӣ, дармон ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 4 март 2020 дархости кӯмак аз ADB кард.