Узбакистон хостори ҳимояти Русия аз мавзеъи ин кишвар дар баҳси об ва энержӣ шуд
(last modified 2016-07-14T06:06:13+00:00 )
Июл 14, 2016 11:06 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон хостори ҳимояти Русия аз мавзеъи ин кишвар дар баҳси об ва энержӣ шуд

Корманди маркази пажӯҳишҳои иқтисодии Узбакистон хостори ҳимояти Русия аз мавзеи ин кишвар дар қиболи сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии бузург дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шуд.

Ба гузориши сойти CA News, Бахтиёр Эргашов бо ишора ба пазириши дархости Русия аз сӯи Чин ва худдорӣ аз ихтисоси воми молии 1 миллиард долларӣ ба Муғулистон барои сохти нерӯгоҳи барқӣ-обӣ бар рӯи рӯдхонаи Селенго гуфтааст, ки акнун замони иттихози мавозеъи муштарак миёни Тошканд ва Маскав нисбат ба сохти нерӯгоҳи бузурги барқӣ-обӣ дар Тоҷикстон ва Қирғизистон фаро расидааст.

Вай таъкид кардааст, ки Узбакистон солҳо ба кишварҳои минтақа хатароти зистмуҳитӣ ва бурӯзи буҳрони камбуди об дар пайи сохти ду нерӯгоҳи барқӣ-обии бузурги "Роғун" дар Тоҷикистон ва "Қанбарота"-и Қирғизистонро гушзад мекунад. Зеро сохти ин ду нерӯгоҳ мӯҷиби ташдиди буҳрони хушк шудани дарёчаи Арал ва коҳиши қобили мулоҳизаи оби мавриди ниёзи сокинони Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон хоҳад шуд. Ин иқтисоддони узбакистонӣ бо ёдоварӣ аз мунсариф шудани Чин аз сармоягузорӣ дар сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Зарафшон дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2000-ум ба дархости Тошканд, ки мӯҷиби бурӯзи буҳрони об дар Самарқанд мешуд, аз Русия хостааст, ки ба муттаҳиди наздики хеш дар Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ– давлати Тоҷикистон зарурат надоштани сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии "Роғун"-ро гушзад кунад.

Давлати Тоҷикистон ахиран бо вуҷӯди мухолифатҳои Узбакистон бо идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" такмили ин тарҳи муҳимми энержии худро ба ширкати итолиёии "Salini Impregilo S.p.A"вогузор кард, ки ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ду турбини нахусти ин нерӯгоҳро дар соли 2018 роҳандозӣ намояд.