Баррасии дубораи парвандаи ҷиноии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов
(last modified Sat, 23 Jul 2016 04:17:49 GMT )
Июл 23, 2016 09:17 Asia/Dushanbe
  • Баррасии дубораи парвандаи ҷиноии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов

Парвандаи ҷиноии ду вакили мудофеи боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дубора баррасӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои хабаргузории "Азиа плюс", Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ба далели тағйир дар ҳайати додгоҳии бародараш ва Нуриддин Маҳкамов, дигаре аз вакилони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ парвандаи онон дубора мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Бар асоси ин гузориш, бо тасмими Асомуддин Бобохонзода, додраси муҳокимаи додгоҳии ин ду вакили боздоштшуда дар таркиби ҳайати додгоҳӣ ба далели бемории яке аз аъзо ду нафари ҷадид ворид шудаанд, ки ба маънои баррасии дубораи ин парванда хоҳад буд, зеро афроди ҷадиди ҳайати додгоҳӣ бо парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ошноӣ надоранд ва бояд дубора додгоҳ ба баррасии иттиҳомоти ин ду вакил пардозад.

Ин дар ҳолест, ки ин ду вакили мудофеъ бо танзими шикоятнома таъкид карда буданд, додраси онҳо беш аз 15 банд аз Кодекси ҷиноиятии Тоҷикистонро ошкоро нақз кардааст ва бояд аз симматаш барканор шавад.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро таъсис дод, ба иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда боз шуд. Дар пайи боздошти Ёров Нуриддин Маҳкамов ваколати ӯро бар уҳда гирифт, аммо худи ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон муддате пас аз боздошти ин вакилони мудофеъ иттиҳоми ифротгароӣ ва даъват ба барандозии низомро ба онон нисбат доданд. Аммо ин ду нафар то кунун ҳеҷ яке аз ин иттиҳомотро напазируфтаанд ва далели боздошти худро сиёсӣ эълом кардаанд.