Тоҷикистон марзҳояш бо Қирғизистонро баст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52033-Тоҷикистон_марзҳояш_бо_Қирғизистонро_баст
Вазорати умури хороиҷаи Тоҷикистон эълом кард, фаоъолияти гузаргоҳҳои марзии байни ин кишвар бо Қирғизистон аз имрӯз мутаваққиф мешавад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Март 24, 2020 15:49 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон марзҳояш бо Қирғизистонро баст

Вазорати умури хороиҷаи Тоҷикистон эълом кард, фаоъолияти гузаргоҳҳои марзии байни ин кишвар бо Қирғизистон аз имрӯз мутаваққиф мешавад.

Ин тасмим дар паи хурӯҷи коронаввирус дар шуморе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон гирифта шудааст.

Бар асоси тасмими давлати Тоҷикистон, бо вуҷуди баста шудани марзи ин кишвар бо Қирғизистон, ин маҳдудият шомили хурӯҷи шаҳравандони тоҷикистонӣ ва атбои дигар кишварҳо аз Тоҷикистон, ронандагони мошинҳои ҳамли бор, дипломатҳо ва хонаводаҳои онон, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд в ааъзои ҳайати ҳукуматӣ намешавад.

Дар паи густариши коронавирус дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои ин минтақа дар мавориде марзҳои худро бастаанд.