Март 25, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • 182  тоҷики бозгашта аз Русия карантина шуданд

Мақомоти беҳдоштии минтақаи Кулоб 182 коргари муҳоҷири тоҷикро, ки пас аз чанд рӯзи саргардони дар фурудгоҳои шаҳри Маскав ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд, карантина кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин афрод ахиран бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии Сомон эйр аз Маскав ба шаҳри Кулоб мунтақил шудаанд.

151 нафар аз ин коргарони муҳоҷир дар бемоистонҳои шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон ва 31 тани дигар дар шаҳри Кулоб барои 14 рӯз карантина шудаанд.

Садруддин Ғаюров мудири идораи тандурустии минтақаи Кулоб гуфтааст, ки 18 нафар аз ин афрод таби боло доштаанд ва барои итминон аз саломатиашон ононро карантина кардаем.

Пеш аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ 182 коргари муҳоҷири тоҷик аз ин, ки ба далели қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия наметавонистанд ба кишварашон боз гарданд аз саргарони дар фурудгоҳои Маскав гилоя карда буданд.

Дар пайи интишори ин хабар, мақомоти Тоҷикистон ин афродро бо парвози вижаи ҳавопамоии Сомо эйр ба шаҳри Кулоб мунтақил кард.

Ба гуфтаи масулони вазорти тандурустии Тоҷикистон то рӯзи чаҳоршанбе 25 март ҳануз ҳеҷ мавриде аз мубтало ба Корона дар ин кишвар мушоҳида нашудааст.

Барчасп