Парвандаи қарзи ширкати Тоҷик Эйр ба додгоҳи Амрико расид
Ширкати литвониёии Скайруд Лизинг моҷарои қаарзи 20 миллион долариаш аз ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйрро ба додгоҳи амрикоӣ кашондааст.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, мақомоти ширкати литвониёии Скайруд Лизинг,ки пас аз тарҳи шикояти худ дар додгоҳҳои Душанбе Маскав ва Вилниюс акнун ба додгоҳе дар Амрико шикоят бурдаанд мудаъианд,ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйри Тоҷикистон маблағи иҷораи ду фарванди ҳавопаймоии Буинг 767 ро пардохт накарда,ки ин маблағ бо ҷаримаи таъхир акнун ба 20 миллион доллар расидааст.
Баррасии ин парванда пас аз ин дар додгоҳи Душанбе баҷое нарасид, аммо додгоҳҳои Вилнюс ва Маскав ба маҳкумияти ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ рай доданд,ки ин ширкат аз иҷроии аҳкоми содиршуда сарбоз задааст.
Пештар Ожонси ҳавопаймоии Русия ҳам бо ирояи шикояте ба додгоҳи шаҳри Маскав дарёфт 55 ҳазор доллар аз ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйрро ба унвони қарз бобати хидмтҳои ҳавоӣ хостор шуда буд.
Ин дар ҳоле аст,ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр аз 4 январи соли 2019 тамоми парвозҳои худ ба 13 шаҳри русия , Эрон ва Ҳиндустонро қатъ кардааст.
Ҳамчунин Азизмуҳаммад Қурбононв муовини аввали мудири ширкати Сомон Эйр ахиран эълон кард,ки ба далели 11 миллиону 100 ҳазор сомонӣ қарз ба кормандони худ бобати маош ва дастмуздҳо, теъдоди коркунони ин ширкат аз 525 нафар дар соли 2019 акнун ба 272 нафар коҳиш ёфтааст.
Мушкилоти ширкати Тоҷик Эйр замоне ташдид шуд ,ки Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозррасӣ аз амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд,ки мавзуъи иқдоми ин ширкат ба хариди як фарванди ҳавопаймои Буинг 767 бо нархи қиматтар аз арзиши воқеъии он ва санадсозӣ дар ин заминаро бозррасӣ кунад.