Мамнуъ шудани вуруди ронандагони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Март 28, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон вуруди ронандагони хориҷиро ба кишвар мамнуъ эълон кардааст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, барои пешгирӣ аз шуюи бемории Корона аз вуруди ронандагони хориҷӣ ба дохили Тоҷикистон пешгири мешавад.
Ин иттилоъ аз сӯйи Сервиси матбуотии иттиҳодияи байналмилаллии ҳамлу нақл ҷодаи "ИРУ" бо истинод ба баёнияи вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ихтиёри хабарнигорон қарор гирифт.
Бинобарин хабар колоҳои воридотӣ дар нуқтаҳои марзӣ тахлия мешавад ва ширкатҳои маҳалӣ ҳам колоҳоро ба мақсадҳои дохили кишвар ҳамл мекунанд.