Даъвати ҷавонон барои ҳузур дар хидмати сарбозии Тоҷикистон
Март 31, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
Фарохони даъвати ҷавонон барои ширкат дар хидмати сарбозии артиши Тоҷикистон аз аввали апрел ағоз мешавад.
Ба нақл аз Спутник, ин фарохон то 31 май идома хоҳад дошт.
Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард: Ин фарохонро Комиссиони низомвазифа ба раёсати Ширин Исматуллозода, муовин нахуствазири Тоҷикистон содир кард. Дар ин фарохон мардони мутаваллиди солҳои 2003 ва 2002 ба хидмати сарбозӣ мераванд.
Тибқи омори расмӣ ҳамакнун дар Тоҷикстон 600 ҳазор ҷавони воҷиди шароити ҳузур дар хидмати сарбозӣ ҳастанд, ки 150 ҳазор нафар аз онҳо ё аз хидмати артиш муоф мешаванд ва ё барои ҳузур дар артиш салоҳиятҳои лозимро надоранд.