Тулонӣ шудани карантинаи бархе мусофирони бозгашта аз Русия дар бемористони Душанбе
(last modified Sat, 04 Apr 2020 14:26:26 GMT )
Апрел 04, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Тулонӣ шудани карантинаи бархе мусофирони бозгашта аз Русия дар бемористони Душанбе

360 нафар аз ашхоси карантинашуда дар бемористони рақами яки шаҳри Душанбе аз мураххас нашудани худ пас аз 14 рӯз карантина шикоят кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин ашхос, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар оғози вуруд ба Душанбе ба муддати 14 рӯз дар ин бемористон карантина шудаанд мегӯянд, ки пас аз поёни муддати қарнтина ҳамчунон аз мураххас кардани онон худдорӣ мешавад.

Мирҳомуддин Камолзода-муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар посух ба шикояти ин афрод гуфтааст, ки ҳеҷ ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад ва озмоишҳои онон дар мавриди вируси корона манфӣ аст, аммо барои эҳтиёт тасмим бар он аст , ки қабл аз мураххас шудани ин афрод озмоиши дигаре рӯйи онон анҷом шавад.

 Вай афзуд: Ин 360 нафар дар ду рӯз ба ин бемористон мунтақил шудаанд ва бо озмоиши дувум ва итминон аз саломатии онон, ҳамагӣ мураххас хоҳанд шуд.

 Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз вируси корона сабт нашуда ва аз 6 ҳазору 468 нафаре, ки аз аввали феврал дар карантина қарор гирифтаанд, то рӯзи шанбе 4 апрел, 3 ҳазору 292 нафар муруххас шудаанд.