Апрел 04, 2020 19:40 Asia/Dushanbe
  • Кумаки ширкати сементи Тоҷикистон ба вазорати тандурустии ин кишвар

Ширкати сементи Тоҷикистон ба вазорати тандурустии ин кишвар 500 ҳазор сомонӣ кумак кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ширкати сементи Тоҷикистон мавсум ба " Хуаксин Ғайюрсемент " барои мубориза бо вируси корона ба вазорати тандурустии ин кишвар 500 ҳазор сомонӣ ( муодили 50 ҳазор доллар) кумак кард.

 Ба  навиштаи Азия-Плюс  дар иттилоияи ин ширкат таъкид шудааст, ки ба манзури ҳимоят аз тарҳҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин сандуқи хайрияе мавсум ба " Ман Тоҷикистонро дӯст медорам" таъсис шудааст, ки барои сохти мактабҳо, кӯдакистонҳо ва бозсозии роҳҳои  ин кишвар сармоягузорӣ мекунад.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд то рӯзи шанбе 4 апрел дар ин кишвар ҳич мавриде аз вируси корона сабт нашудааст ва 3 ҳазору 319 нафар дар карантина ҳастанд.

 

Барчасп