Тафовут дар Омори вазоратхонаҳо дар бораи теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикстон
Апрел 06, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
Додситон кулли Тоҷикистон аз тафовут дар омори эъломшудаи вазоратхонаҳо дар бораи теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Спутник, Юсуф Раҳмон гуфт: Дар омори эъломшуда аз сӯи бархе мақомоти давлатӣ тафовут вуҷуд дорад.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт: Бояд сиҳати иттилооти эълом шудаи вазоратхонаҳо дар мавриди вусъати мазореъ ва теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикстон дақиқтар баррасӣ шавад.
Юсуф Раҳмон афзуд: Иттилооти эъломшуда аз сӯи Ожонси мудирияти замин, Ожонси омор ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо якдигар ҳамхонӣ надорад.
Ӯ афзуд: Тафовути амори эъломшудаи ин се бахш ҳудуди 30 ҳазор кишоварз аст.