Тафовут дар Омори вазоратхонаҳо дар бораи теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикстон
(last modified 2020-04-06T04:40:39+00:00 )
Апрел 06, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Тафовут дар Омори вазоратхонаҳо дар бораи теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикстон

Додситон кулли Тоҷикистон аз тафовут дар омори эъломшудаи вазоратхонаҳо дар бораи теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Юсуф Раҳмон гуфт: Дар омори эъломшуда аз сӯи бархе мақомоти давлатӣ тафовут вуҷуд дорад.  

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт: Бояд сиҳати иттилооти эълом шудаи вазоратхонаҳо дар мавриди вусъати мазореъ ва теъдоди кишоварзон ва мизони маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикстон дақиқтар баррасӣ шавад.  

Юсуф Раҳмон афзуд: Иттилооти эъломшуда аз сӯи Ожонси мудирияти замин, Ожонси омор ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо якдигар ҳамхонӣ надорад.  

Ӯ афзуд: Тафовути амори эъломшудаи ин се бахш ҳудуди 30 ҳазор кишоварз аст.