Дифои намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон аз маҳдуд кардани пахши барномаҳои телевизионии номуносиб барои кӯдакон
(last modified 2020-04-06T10:07:49+00:00 )
Апрел 06, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дифои намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон аз маҳдуд кардани пахши барномаҳои телевизионии номуносиб барои кӯдакон

Намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон аз маҳдуд кардани пахши барномаҳои телевизионии номуносиб барои кӯдакон дифоъ мекунанд.

Ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Миёна, намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пахши барномаҳои телевизиониеро пешниҳод мекунанд, ки сабаби рушди зеҳнии кӯдакон шавад.

Пешниҳоди ислоҳи қонуни ҷадид дар заминаи пахши телевизион ва радио аз сӯи муовинони Кумитаи умури хориҷа, анҷуманҳои умумӣ ва иттилоот ба маҷлис дода шуд.

Нависандагони ин тарҳ иҷрои ислоҳотро бисёр муҳим медонанд вале мутахассисон эълом мекунанд, ки ин амр наметавонад ба сурати мутлақ монеъ аз тамошои кӯдакон аз барномаҳои бо "муҳтавои тарснок" шавад.

Шаҳло Акобирова, раиси Созмони Ҳумо (созмоне аст, ки дар соли 2003 бо ҳадафи иртиқои пешрафти ҳирфаии расонаҳои Тоҷикистон таъсис шуд) яке аз касоне аст, ки узви ин коргурӯҳ аст.

Ба гуфтаи вай, маҳдудият дар пахш метавонад то ҳудуде аз таъсироти манфии барномаҳои тарснок ва номуносиб бар зеҳни кӯдакон кумак кунад аммо мушкили аслӣ ихтилофи назарҳои масъулони телевизион бо ҳамдигар аст.

Раиси Созмони Ҳумо гуфт: Мушкили дигар ин аст, ки ба далели набуди барномаҳои ҷолиб, кӯдакон таҳти таъсири қаҳрамонон ва барномаҳое қарор мегиранд, ки ба онҳо осеб мерасонанд.

Шаҳло Акобирова афзуд: Тавлиди барномаҳое бо муҳтавои муносиб ва босифат дар радио ва телевизион, ки боиси ризоятмандии мухотаб шавад бисёр кам аст.

Ӯ гуфт: Ҳатто барномасозон натавонистанд аз қаҳрамонони миллии кишвар барнома тавлид кунанд то кӯдакон ва навҷавонон аз инҳо улгубардорӣ кунанд бино барин фарзандони мо таҳти таъсири қаҳрамонони афсонаҳо ва барномаҳое ҳастанд, ки бештари онҳоро кишварҳои хориҷӣ тавлид карданд.

 

Нависандагони пешнависи ислоҳот эълом карданд: Ин тағйирот на танҳо дар барномаҳои телевизионӣ балки дар мавриди ҳар филм, ки шомили саҳнаҳои қатл, беахлоқӣ бошад низ сидқ мекунад.