Апрел 07, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости рӯзноманигори тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон барои афви Кабирӣ

Рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо аз раисҷумҳури Тоҷикистон дархост кардааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъ дар ин кишварро афв кунад.

Ба гузориши “Pressa TJ", Додоҷони Атоуллоҳ бо интишори номае дар сафҳаи фейсбукияш бо ёдоварии ин нукта, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон чанде қабл худи вайро низ пас аз ду даҳа афв карданд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки Кабириро низ машмули афв қарор диҳад. Вай муътақид аст, ки бо афви Кабирӣ заминаи бозгашти ӯ, аъзо ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии мамнӯа аз кишварҳои аврупоӣ фароҳам хоҳад шуд, ки ин мавзӯъ ба нафъи суботу амнияти мардуми Тоҷикистон аст ва мӯҷиби коҳиши таблиғоти шадиди расонаӣ алайҳи давлати Душанбе хоҳад шуд.

Ёдоварӣ мешавад, бо вуҷуди ин ки мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 2019 Додоҷони Атоуллоҳро афв карданд, вай ҳанӯз ба кишвари хеш бознагаштааст.

 

 

Барчасп