Тасдиқ намудани тарҳи 11 миллион доллар сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон барои ба итмом расонидани нақби Истиқлол
(last modified 2020-04-09T06:21:16+00:00 )
Апрел 09, 2020 11:21 Asia/Dushanbe
  • Тасдиқ намудани тарҳи 11 миллион доллар сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон барои ба итмом расонидани нақби Истиқлол

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз тасвиби тарҳи 11 миллион доллар сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Эрон барои ба итмом расонидани нақби Истиқлол хабар дод.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, Худоёр Худоёрзода дар нишасти маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ироаи тарҳи сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Эрон гуфт: саҳми ҳар ду тараф дар ин тарҳ 50 дар сад хоҳад буд.

Вай таъкид кард, ин маблағ барои насби рушноӣ, фаъолсозии системи ҳавокаш ва таҷҳизоти именӣ дар тунел ҳазина хоҳад шуд.

Сохти тунели 5 километрии Истиқлол бо эътибори 39миллион доллар соли 2003 оғоз шуд, Эрон дар ин тарҳ 10 миллион доллар ва Тоҷикистон 7 миллиону 800 ҳазор доллар ҳазина мекунад.

Ҳамчунин Эрон ҳудуди 21 миллион доллари боқимонда барои иҷрои ин тарҳро ба сурати вом  ба Тоҷикистон пардохт кард.

Маросими баҳрабардорӣ аз марҳилаи аввали сохти тунели Истиқлол бо ҳузури Имомали Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмади Нажот Раиси Ҷумҳурии вақти Эрон соли 2006 баргузор шуд.