Апрел 11, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

Рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо аз қатъи фаъолияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Pressа. tj, Додоҷони Атовулло бо интишори номае, аз қатъи фаъолияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки созмони мухолифи ҳукумати ин кишвар мебошад, хабар дод.

Вай далели ин иқдомро номуваффақ амал кардани ин созмон унвон кардааст.

Коршиносон мегӯянд, ки Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2017 дар паи тағйири мавзеи Додоҷони Атовулло мабнӣ бар эъломи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон пас аз 24 соли мухолифат бо давлати Душанбе амалан аз фаъолият бозмондааст.

 

Барчасп