Гуфтугӯи сафири Тоҷикистон дар Чин ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар мавриди шуюи бемории корона дар ҷаҳон
(last modified 2020-04-11T13:01:36+00:00 )
Апрел 11, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сафири Тоҷикистон дар Чин ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар мавриди шуюи бемории корона дар ҷаҳон

Сафири Тоҷикистон дар Чин ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар мавриди шуюи бемории корона дар ҷаҳон гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз Спутник ва гурӯҳи байналмиллали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Парвиз Давлатзода-сафири Тоҷикистон дар Чин бо Владимир Нуров -дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин дидор кард. Дар ин ҷаласа тарафайн дар мавриди вазъияти муртабит бо ҳамагирии корона суҳбат карданд. Тарафайн ҳамчунин назароти худро дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар Созмони ҳамкории Шанхай табодули назар карданд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа дар мавриди мавзӯоти марбут ба таҳия ва иҷрои рӯйдодҳои аслии созмон дар давраи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлос дар Душнба соли 2021 ва дигар барномаҳои ихтисосии бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай баҳс шуд.