Апрел 12, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Кайҳоннаварди тоҷик: Ҷаҳон ӯро эътироф кард, аммо Тоҷикистон не

Кайҳоннаварди қирғиз парчами Тоҷикистонро барои аввалин бор ба кайҳон бурд.

Ба нақл аз яке аз сомонаҳои Осиёи Миёна, чандин сол аст, ки дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аксе дида мешавад, ки дар он қаҳрамони Русия, кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов парчами Тоҷикистон дар даст дохили фазопаймо қарор дорад.

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фикр мекарданд, ки ин акс фотошоп аст ва касе бовар надорад, ки ин кайҳоннаварди рус, ки дар Қирғизистон мутаваллид шуда ва миллияти ӯзбак дорад, парчами Тоҷикистонро ба фазо бибарад. 

Солеҳҷон Шарифов дар 24 августи 1964 дар шаҳри Узгени вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон мутаваллид шуд. Падарбузургаш зода ва бузургшудаи Тоҷикистон ва миллияташ тоҷик будааст.

Солҳои ҷавонӣ  падарбузургаш аз шаҳри Узген, ки маркази тиҷорат буд ва ӯ бештар дар ин шаҳр кор ва зиндагӣ мекард бо модарбузургаш, ки миллати узбак дошт издивоҷ кард ва дар ҳамин шаҳр падар , бародарон ва хоҳаронаш мутаваллид ва бузург шуданд. Ҳарчанд дар шиносномаи ӯ  узбак навишта шуда, аммо ҳама бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва ӯ худро тоҷик медонад.  Солеҳҷон аз кӯдакӣ орзуи кайҳоннавард шуданро дошт.Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш мегӯяд: Каме дуртар аз хонаи мо ҳавопаймоҳои навъи АН-2 парвоз мекарданд, аз ҳамин ҷо шавқи халабон шудан дар ман намоён шуд.Баъд аз он ки  дар мактаб таҳсил ва каме дар бораи кайҳоннавардӣ иттилоъ пайдо кардам, тасмим гирифтам халабони ҳавопаймои низомӣ шавам. 

Тобистони соли 1997 билохира ӯро барои омӯзиши халабонӣ ба Амрико эъзом карданд.   22 январи соли 1998 аввалин парвози Солеҳҷон аз тариқи фазопаймои «Endeavour» буд, ки то 31 январи 1998 идома дошт.   Парвози дуввуми ӯ соли 2001 буд, аммо як моҳ қабл аз амалӣ шудани ин амр ин қарор лағв шуд.Баъди ин Солеҳҷон Шарифовро ба гурӯҳи дигар бурданд ва ӯ бояд тамоми озмоишоти омодагии худро дубора мегузаронд, беш аз сад имтиҳон дод ва машқҳои сангинро низ гузаронд.   

Ҳамин тавр, парвози дуввуми Солеҳҷон Шарифов соли 2005 буд.Ин парвоз дар ниҳоят душвор ва муҳим буд, зеро ҳудуди якуним сол идома дошт ва тайи он кайҳоннавардон бояд 2 бор аз дохили фазопаймо ба берун меомаданд.   

Қобили зикр аст, ки Солеҳҷон Шарифов дар ҳоли ҳозир ба омӯзиши кайҳоннавардони ҷавон машғул аст. 

Хонаводаи Солеҳҷон Шарифов як хонаводаи тоҷик аст, хонумаш Насиба-иқтисоддон ба ҳамроҳи худаш кор мекунад. Духтараш Нигора ва писараш Ҷаҳонгир ҳар ду хатмкунандаи донишгоҳҳои Русия ҳастанд.   

Сафар ба Тоҷикистон орзуи дерини ин кайҳоннавард аст. Ў мегӯяд: То соли 1982 мо зиёд ба Тоҷикистон мерафтем. Хешовандони мо дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд зиндагӣ мекунанду ҳеч гоҳ кӯчаҳои ин ду шаҳри қадимиро фаромуш намекунам. 

Солеҳҷон Шарифов афзуд: Парчами Тоҷикистон ҳамроҳи ман дар фазо буд, ман ба хотири шод кардани рӯҳи падарбузургам ва эҳтиром ба миллатам парчами Тоҷикистонро ҳамроҳам ба фазо бурдам. 

Парчамро дӯстони тоҷик ба ман ҳадия дода буданд, дар баробари парчами Тоҷикистон  ба унвони эҳтиром ба зодгоҳам парчами Қирқизистонро низ ҳамроҳи худ бурда будам, ки онро ба раиси ҷумҳури Қирғизистон эҳдо кардам ва ҳамакнун дар Хонаи миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад, аммо парчами Тоҷикистон ҳануз ҳам бо ман аст ва ман орзу дорам, ки онро ба хонаи миллии ин кишвар таҳвил диҳам. 

Ҷурабек Муродов, ҳунарманди мардумии шуравӣ ва Тоҷикистон мегӯяд: Аз Солеҳҷон бояд қадрдонӣ шавад бо вуҷуди ин қадрнашносӣ Солеҳҷон Шарифов талош мекунад бидуни ҳеҷ чашмдоште бо тоҷикон робитаи дӯстӣ барқарор ва дар барномаҳои онон дар шаҳри Маскав ширкат кунад.   Ноҳид Зайналпур, ҳунарманди дигари тоҷик, ки феълан дар Маскав зиндагӣ мекунад низ мегӯяд : Дар яке аз барномаҳои тоҷикони Русия дар шаҳри Маскав ширкат ва бо Солеҳҷон ошно шудам. Ў ошиқи Тоҷикистон ва дӯстдори тоҷикон аст, дар барномаҳо ширкат мекунад ва бо тоҷикон бо муҳаббат ҳарф мезанад.