Дар Тоҷикистон зарурати карантини умумӣ вуҷуд надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52616-Дар_Тоҷикистон_зарурати_карантини_умумӣ_вуҷуд_надорад
Вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан зарурати эъмоли карантин вуҷуд надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 12, 2020 15:25 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон зарурати карантини умумӣ вуҷуд надорад

Вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан зарурати эъмоли карантин вуҷуд надорад.

Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи Ҷумҳурият, Насим Олимзода гуфтааст, ки то рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди ибтило ба бемории коронавирус мушоҳида нашуда ва ба ин далел, зарурати эъмоли карантини умумӣ вуҷуд надорад.

Вай таъкид кардааст, ба пизишконе, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли муроқибат аз афроди таҳти карантин ҳастанд, ҳуқуқи изофӣ пардохт хоҳад кард.

Ба гуфтаи Олимзода, дар Тоҷикистон аз оғози карантини афроди машкук ба коронавирус, 7257 нафар таҳти муроқибат будаанд, ки озмоиши 5243 тан аз онон барои коронавирус манфӣ буда ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.