Пешбинии дарёфти 26 миллион доллар барои беҳбуди зерсохтҳои рустоии Тоҷикистон дар тарҳи КАСА-1000
(last modified 2020-04-13T14:38:39+00:00 )
Апрел 13, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии дарёфти 26 миллион доллар барои беҳбуди зерсохтҳои рустоии Тоҷикистон дар тарҳи КАСА-1000

Пешбинӣ мешавад, Тоҷикистон 26 миллион доллар барои беҳбуди зерсохтҳои рустоӣ дар тарҳи КАСА-1000 дарёфт кунад.

Ба гузориши Asia Plust,Тоҷикистон мувофиқатномаҳои пуштибониро дар чаҳорчуби тарҳи CASA (тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон)тасвиб мекунад.

Ин тавофуқномаҳо барои беҳбуди зерсохтҳои рустоӣ ба арзиши 26 миллион доллар аст.

Дар ҷаласа аз ҷумла, Созишномаҳои лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки мувофиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистон барои беҳбуди иншооти зерсохтори ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки дар канори хати интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир шудаанд, 26 млн доллар маблағ дастрас мекунад.

Саҳми Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллиону Покистон 209 миллион доллар аст.