Апрел 14, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Чопи китоб ба қалами куҳнасарбози тоҷик

Куҳнасарбози тоҷики баҷомонда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ китоби хотироти худро чоп кард.

Куҳнасарбози маҷруҳи баҷомондаи тоҷик китоби худро бо номи "Ҷанг, пирӯзӣ, дарди дил" ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ чоп кард.

Ба нақл аз Спутник ва Дафтари матбуотии пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, китоби Олег Соболови 97 сола бо мавзӯи озодсозии шаҳри Ленингрод аз неруҳои фашисти олмонӣ аст.

Дар саҳифаҳои ин китоб набардҳое, ки Соболов дар он ширкат карда ва нақши мардуми Тоҷикистон дар пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум тавзеҳ дода шудааст.

Вай гуфт: Дар зиндагӣ бисёре аз амалиётҳои низомиро ба хотир меовардам, ки шанси ҳузур дар онҳоро доштам ва ин ёдоварии мудовим аз хотираҳои ҷанг манро водор кард то бо баррасии воқеаҳо ва баррасии бисёре аз ҳуҷҷатҳо инҳоро бинависам. Олег Соболов ба хотири нобино буданаш хотироти ҷангро шифоҳӣ баён ва бар рӯйи лавҳи фишурда забт мекард ва ҳамсараш Валентина Филиповно бо гӯш додан ба суҳбатҳои ӯ онҳоро менавишт.

Кори навиштан ва чопи китоби ӯ 15 сол тӯл кашид ва 10 апрел дар рӯзи таваллуди Олег Соболов дар шуморагони 150 нусха чоп шуд. Дафтари матбуотии пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон гуфт: Хидматгузорони низомии пойгоҳи русӣ ва Ғафур Шорматов, раиси гурӯҳи низомӣ барои табрик ба ин нависанда ба хонаи ӯ омаданд.

Соболов ибрози умедворӣ кард, ки китобе, ки навишта битавонад ба хонандагон кумак кунад то мушкилот ва ҷонфишониҳои сарбозони ширкаткунанда дар ҷангро беҳтар дарк кунанд.

Олег Соболови 97 сола, танҳо маҷруҳи баҷомондаи тоҷик аст, ки дар озодсозии Ленингрод ширкат кардааст.