Апрел 19, 2020 08:40 Asia/Dushanbe
  • Таваҷҷуҳи бештар ба кадри дармонии Тоҷикистон

Нашрияи "Тоҷикистон" дар шароити буҳронии густариши корона дар ҷаҳон хостори таваҷҷуҳ ба кадри пизишкии Тоҷикистон шуд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик-Пресс, ин нашрия муддаӣ шудааст, ки пизишкон ва парастороне, ки 21 рӯз аз афроди карантин дар бемористонҳо ва марказҳои дармонии кишвар муроқибат карданд бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд.

Ин нашрия, ғизои нокофӣ, камбуди имконоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ ва маоши камро аз мушкилоти парасторон ва кадри пизишкӣ эълом кард.

Ин нашрия фаъолияти пизишкон ва кадри дармонии Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз густариши корона ба безараркунандагони мина ташбеҳ кардааст, ки ҳар лаҳза мумкин аст бо хатари марг рӯбарӯ шаванд.

Дар ҳоле, ки мизони кумакҳои молии созмонҳо ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши корона афзоиш доштааст бояд бахше аз ин маблағҳо барои беҳбуди шароити иқтисодӣ ва муҳити кории кадри дармонии кишвар сарф  шавад.

Нашрияи " Тоҷикистон" бо ишора ба ин мавзӯъ, ки дар саросари ҷаҳон теъдоди зиёде аз пизишконе, ки афроди мубтало ба коронаро дармон мекарданд ба иллати сирояти ин беморӣ, ҷони худро аз даст доданд навишт: Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар ба мушкилоти ин қишр расидагӣ кунад.