Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Ашъори Саъдӣ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст
(last modified Sun, 19 Apr 2020 13:31:55 GMT )
Апрел 19, 2020 18:31 Asia/Dushanbe

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Саъдии Шерозӣ гуфт: Таҷлил аз Саъдӣ, такрими ахлоқ ва инсоният аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Саъдӣ навишт: Саъдӣ, ин шоир ва нависандаи бузург, яке аз пояҳои бинои устувори адаби порсӣ аст, ки бо ашъори дилпазири худ, ҷилваи вижа ба осмони зебои адабиёт додааст. Шеъри ӯ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба маҳбубияти оламгири ин шоири порсигӯ, хотирнишон сохт:

Имрӯза теъдоди зиёде аз мардумим ҷаҳон ба мероси ин шоири сухангустар ва омӯзгори ахлоқ бо дидаи эҳтиром менигаранд ва бо осор ӯ зиндагӣ мекунанд.