Апрел 20, 2020 09:52 Asia/Dushanbe
  • Шурои уламои Тоҷикистон даромади ҳосила аз қиморбозиро ҳаром эълом кард

Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон сарф кардани даромади ҳосила аз фаолияти марокизи қиморро барои касбу корҳои дигар ҳаром эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон, корбаре ба номи Закариё аз ин шуро дар бораи ҷоиз ва дуруст будани ҳазина кардани  даромади ҳосила аз фаолияти марокизи қиморро савол кардааст, ки бо посухи манфии ин ниҳоди мазҳабӣ рӯбарӯ шудааст.

Дар посухи Шурои уламои Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бар асоси ояҳои Қуръони карим қимор дар ислом ҳаром мебошад ва ба ҳамин далел маблағе, ки аз ин амал ба даст меояд ҳаром буда ва сарф кардани он барои умуроти дигар мамнуъ аст.

Аз ин рӯ бояд бо касбу  кори ҳалол манобеи маишатии мавриди ниёзи худ ва хонаводаро фароҳам сохт, ки бо хайр ва баракат дар дунё ва охират ҳамроҳ мебошад.

Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар посух ба пурсиши як корбари дигар дар мавриди ҷоиз будани даромади ҳосила аз фаолияти ширкатҳои ҳирамӣ низ гуфтааст, ки равиши амалкарди ин марокиз низ бар асоси қимор аст ва ба ҳамин далел даромади ҳосила аз ин кор ҳаром мебошад.

 

Барчасп