Апрел 20, 2020 14:10 Asia/Dushanbe
  • Гирифтории Фарзонаи Хуҷандӣ ва Озарахш ба корона рад шуд

Раёсати Идораи тандурустии вилояти Суғд бо таъиди карантин шудани ду шоири саршиноси Тоҷикистон ибтилои онон ба вируси коронаро рад кардааст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсати Идораи тандурустии вилояти Суғд , Маъруфҷон Ҳоҷибоев дар посух ба матолиби мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи карантин шудани Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Озарахш, ду шоири машҳури тоҷик, ки зан ва шавҳар ҳам ҳастанд гуфтааст, Озарахш ба далели мушкилоти танаффусӣ ва таби боло дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистрӣ аст ва хонум Фарзона танҳо барои парастории шавҳараш дар ин маркази дармонӣ ҳузур дорад.

Ба гуфтаи ин мақоми беҳдоштии вилояти Суғд ҳеҷ ҷои нигароние вуҷуд надорад ва вазъи Толиб Озарахш акнун ризоятбахш аст.

Ин дар ҳоле аст, ки интишори хабари карантин шудани ин ду шоири саршиноси тоҷик муҷиби вокуниши густардаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки аксари ин афрод орзӯи шифои ононро аз Худованд масъалат намудаанд.

Фарзонаи Хуҷандӣ чанде қабл ба далели густариши вируси корона бо навиштани ашъори тоза аз Худованд талаби дур кардани ин балоро масъалат намудааст, ки чанд мисраи ин шеър ба ин шарҳ аст:

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор, замину осмонҳоро нигаҳ дор

Балоҳо ва ваборо дур андоз, тамоми пиру барноро нигаҳ дор

Худо гӯянд акнун бехудоён, ки ё раб тоқи Миноро нигаҳ дор

 Бин одам як аъзо мешавад боз, ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор