Шароити номусоиди ҳаво, иллати шуюи бемориҳои танаффусӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 20 Apr 2020 15:01:39 GMT )
Апрел 20, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Шароити номусоиди ҳаво, иллати шуюи бемориҳои танаффусӣ дар Тоҷикистон

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон иллати шуюи бемориҳои танаффусӣ дар ин кишварро шароити номусоиди ҳаво эълом кард.

Ба гузориши АКИpress, ситоди пешгирӣ аз шуюи бемории корона дар Тоҷикистон дар вазорати беҳдошти ин кишвар баргузор шуд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири беҳдошт дар ин ҷаласа гуфт, шароити номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи гузашта дар бархе аз бахшҳои иқтисодӣ ва саломати шаҳрвандон таъсири манфӣ гузошт ва теъдоди бемориҳои танаффусӣ афзоиш ёфтааст.

Муовини вазири беҳдошт гуфт, шуюи бемориҳои танаффусӣ, фаслӣ ва маъмулӣ аст ва аз густараши ногаҳонии он дар байни шаҳрвандон набояд нигарон буд.

Ӯ афзуд, се нафар дар моҳи апрел бар асари илтиҳоби шуш фавт карданд ва тамоми касоне, ки бо онҳо тамос доштанд ҳам дар бемористонҳо карантин шуданд.