Апрел 21, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • 
Истеҳсоли ҳаррӯзаи тақрибан 100 ҳазор ниқоб дар корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд

Ширкатҳои минтақаи Суғд дар рӯз ҳудуди 100 ҳазор ниқоб истеҳсол мекунанд

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, тибқи иттилои шӯъбаи саноати минтақа, аз охири моҳи март то нимаи апрел 11 корхонаи нассоҷии вилоят тақрибан 1,5 миллион ниқобҳои тиббиро пешниҳод кардаанд.

Ҳама корхонаҳои бофандагӣ дар шимоли Тоҷикистон дорои ашёи хом мебошанд ва дар ҳолати зарурӣ метавонанд ниёзҳои мардуми маҳаллиро қонеъ гардонанд. Танҳо дар ширкати нассоҷии ҷавонон тақрибан аз 45 то 50 ҳазор ниқобҳо аз матои пахтаи босифат сохта мешаванд.