Апрел 25, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
  • Таътилии муваққати тамомии мактабҳо ва кӯдакистонҳои  Тоҷикистон

Тамомии мадорис ва кӯдакистонҳои Тоҷикистон ба таври муваққат таътил шуданд.

Ба нақл аз  Азия Плюс, кӯдакистонҳо ва мактабҳои Тоҷикистон аз 27 апрел то 10 май таътил шуданд. Масъулон ин тасмимро барои зиддиуфунӣ кардани тамоми мактабҳо ва кӯдакистонҳо барои пешгирӣ аз ибтило ба коронавирус иҷро мекунанд.

Ин дастур ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ дахл надошта, дарсҳо дар онҳо идома меёбанд.