Пешгирӣ аз вуруди 149 тонна хурмо ва маводди ғизоии ғайристандарт ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53030-Пешгирӣ_аз_вуруди_149_тонна_хурмо_ва_маводди_ғизоии_ғайристандарт_ба_Тоҷикистон
Ожонси давлатии Тоҷикстандарти Тоҷикистон аз вуруди 99 тонна хурмо ва 50 тонна маводди ғизоии пастсифат аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 25, 2020 15:13 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз вуруди 149 тонна хурмо ва маводди ғизоии ғайристандарт ба Тоҷикистон

Ожонси давлатии Тоҷикстандарти Тоҷикистон аз вуруди 99 тонна хурмо ва 50 тонна маводди ғизоии пастсифат аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин миқдор маводди ғизоии ғайристандарт ҳангоми интиқол аз Афғонистон ба дохили Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя тавқиф (пешгирӣ) шуд.

Гуфта мешавад, ки ин маводди ғизоии тавқифшуда шомили 98 ҳазору 950 килограм хурмои хушк, 25 тонна қайлаи помидор, 19 ҳазору 600 килограм карамел ва 7 тонна хамиртуруш мешавад, ки ба далели  пастсифат будан, тавқиф шудааст.

Ожонси давлатии Тоҷикстандарти Тоҷикистон эълом кардааст, ки зоҳиран афроди судҷӯ қасд доштанд, ки бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар ин маводро вориди бозорҳо кунанд.

Ин ниҳод ба воридкунандагони маводди ғизоӣ ҳушдор додааст, ки аз ҳамаи талоши худ барои интиқоли маҳсулоти ғайристандарт ва бесифат ба дохили Тоҷикистон ҷилавгирӣ хоҳад кард.