Ҳуқуқҳои пардохт нашуда дар Тоҷикистон ба 48 миллион сомонӣ расид
(last modified Tue, 28 Apr 2020 14:21:06 GMT )
Апрел 28, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳуқуқҳои пардохт нашуда дар Тоҷикистон ба 48 миллион сомонӣ расид

Мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳои пардохт нашуда дар Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол ба 48 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (муодили 4 миллиону 700 ҳазор доллар) расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, танҳо дар моҳи феврали имсол мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳои пардохт нашуда дар Тоҷикистон ба 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат ин шохис дар бахшҳои сохту соз ва истехроҷи маодин ба беш аз 26 миллион сомонӣ, саноеи табдилӣ ва фановарӣ6 миллиону 100 ҳазор сомонӣ , кишоварзӣ ва моҳигирӣ 2 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон бештарин ҳуқуқи моҳиёнаро коргарони саноеи истихроҷи маъдан дарёфт мекунанд, ки 2 ҳазору 610 сомонӣ (муодили 253 доллар) аст.

Ҳамчунин коргарони бахши сохтмонсозӣ 2 ҳазору 400 сомонӣ  ва бахши обу барқ ду ҳазору 60 сомонӣ ҳуқуқи моҳиёна дарёфт мекунан.

Дар Тоҷикистон поёнтарин ҳуқуқи моҳиёна мутаалиқ ба кишоварзон, кормандони ҷангалва моҳигирӣ аст, ки 616 сомонӣ (муодили 60 доллар) аст.