Корона таҳдиде барои иқтисоди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53171-Корона_таҳдиде_барои_иқтисоди_Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ: Корона таҳдиде барои иқтисоди Тоҷикистон аст.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 29, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Корона таҳдиде барои иқтисоди Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ: Корона таҳдиде барои иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ба нақл аз Форс, Бонки ҷаҳонӣ  гузориши тозаи худ дар мавриди вазъияти иқтисодии Тоҷикистонро мунташир кард.

Бино бар ин гузориш, ҳамагирии тӯлонимуддати корона, ташдиди таниш дар тиҷорати ҷаҳонӣ ё коҳиши амиқтари рушди иқтисодӣ дар иқтисодҳои бузурги минтақа аз тариқи коҳиши тиҷорат, сармоягузориҳои мустақим ва ирсоли пул бар иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Коршиносони ин бонк муътақиданд, ки мушкилоти сохтории иқтисоди Тоҷикистон низ бар чашмандози тавсеаи ин кишвар таъсир мегузорад.

Ба бовари ин коршиносон, мушкилоти мудириятӣ дар ширкатҳои давлатӣ аз ҷумла дар арсаҳои калидии иқтисод, хатароти ғайримустақими молии болоеро ба ҳамроҳ дошта, пойдории манобеи молиро таҳдид мекунад.

Таъхир дар иҷрои ислоҳоти сохтории мавриди ниёзи мутамаркиз ба беҳбуди фазои тиҷорӣ ба унвони монеи тавсеаи бахши хусусӣ боқӣ хоҳад монд.

Сохту сози неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби будҷети давлатӣ ҳамчунон таҳдиди ҷиддиеро барои пойдории иқтисоди калон ва коҳиши бештари ҳазинаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ дорад.

Ислоҳот дар соҳаи андоз, барномаи бозсозии бахши энержӣ ва барномаи ислоҳоти бахши молӣ дар сурати иҷрои муваффақиятомез метавонанд дар миёнмуддат ба беҳбуди мудирияти молӣ ва муҳити тиҷорӣ кумак кунанд.