Як миллиард сомонӣ қарзи ширкатҳои Барқи тоҷик ва неругоҳи Барқи обии Сангтудаи 1
(last modified 2020-04-30T08:08:57+00:00 )
Апрел 30, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Як миллиард сомонӣ қарзи ширкатҳои Барқи тоҷик ва неругоҳи Барқи обии Сангтудаи 1

Қарзи ширкати Барқи тоҷик ва неругоҳи Сангтудаи 1 ҳудуди 1 миллиард сомонӣ аст.

Ба нақл аз Спутник, ва сервиси матбуотии Неругоҳи Барқ, барои се моҳаи нахусти имсол қарзи ширкати Барқи тоҷик ва Сангтудаи 1 ҳудуди 130 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳазинаи барқи масрафшудаи неругоҳи Барқи обии Сангтудаи 1 аз  январ то марти имсол ҳудуди 196 миллион сомонӣ будааст,ки ҳануз ин маблағ ба ширкати Барқи тоҷик пардохт нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин барномаеро барои беҳбуди вазъияти молии ширкати Барқи тоҷик омода карда буданд,ки қарор буд аз соли 2019 оғоз шавад ва то 2025 идома дошта бошад.

Тибқи баровардаҳои давлат, барои иҷроии ин тарҳ 1 миллиарду 200 миллион доллар эътибор лозим аст.