Ситоди пешгирӣ аз корона марҷаъи тасмимгирӣ дар мавриди иҷрои қарантина дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 01 May 2020 11:42:02 GMT )
Май 01, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ситоди пешгирӣ аз корона марҷаъи тасмимгирӣ дар мавриди иҷрои қарантина дар Тоҷикистон

Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, Ситоди пешгирӣ аз корона марҷаъи тасмимгирӣ дар мавриди иҷрои қарантина дар кишвар аст.

Ба гузориши “Спутник”, Бибихонум Дарвешзода гуфт, Ситоди пешгирӣ аз ҳамагирии корона дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар мавриди иҷрои қарантина ва эъмоли маҳдудиятҳо дар манотиқи кишвар тасмим мегирад, ки яке аз тасмимоти ситод таътилоти муваққати мактабҳо ва донишгоҳҳо аст.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ҳамзамонии шуюъи бемории корона бо соири бемориҳои танаффусие монанди зотуррия (илтиҳоби шуш) дар Тоҷикистон боис шуда, ки ташхиси ин беморӣ аз соири уфунатҳои танаффусӣ бисёр сахт шавад.

Бибихонум Дарвешзода афзуд, аз тамоми беморони танаффусӣ дар Тоҷикистон озмоиши ташхиси корона гирифта мешавад.

То кунун дар Тоҷикистон 15 мавриди ибтило ба бемории корона шиносоӣ шуда, ки 10 бемор дар бемористони минтақаи Суғд ва 5 бемори дигар дар бемористони Душанбе бистарӣ ҳастанд.

 

Барчасп