Май 04, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози додгоҳи ду донишҷӯи тоҷик ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин

Додгоҳи мурофиаи ду донишҷӯи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин оғоз мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, иттиҳоми Исмат Шеров ва Ҳасан Давлатов узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин, барангехтани душмании миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ эълом шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар чорчуби барномаи мубориза бо гурӯҳи Ихвонулмуслимин Мулло Қурбоналӣ, имомхатиби собиқи масҷиди шаҳри Бохтар ва 25 шогирди вай боздошт шудаанд.

Бо ин ҳол бастагони ин ду донишҷӯ иддаои мақомоти додситонии Хатлонро дар бораи узвияти онон дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин рад мекунанд ва мегӯянд, ки Исмат Шеров ва Ҳасан Давлатов аз Мулло Қурбоналӣ дарсҳои мазҳабӣ мегирифтанд ва ба гурӯҳи Ихвонулмуслимин иртиботе надоранд.

Дар моҳи марти имсол додгоҳи шаҳри Нораки Тоҷикистон Комил Тағоев сокини минтақаи Пули Сангинро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин ба як сол зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 17 апрел Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба иттиҳоми барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум кард.

Юсуф Раҳмон- додситони кулли Тоҷикистон пеш аз ин аз боздошти 113 нафар аз сокинони минтақаҳои мухталифи ин кишвар дар чорчуби парвандаи пур сарусадои Ихвонулмуслимин хабар дода буд.

Фаолияти гурӯҳи Ихвонулмуслимин аз соли 2006  дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълом шудааст.

 

Барчасп