Май 04, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти ҳунарпешаи маъруфи тоҷик

Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, Савринисо Сабзалиева дар Тоҷикистон даргузашт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин ҳунарпешаи маъруфи тоҷик дар синни 72 солагӣ фавт кард. 
 
 Ба гуфтаи бастагони ин ҳунарманд, ӯ ба бемории диабет мубтало буд. 
 
Савринисо Сабзалиева 27 январи соли 1948 таваллуд шудааст ва Донишкадаи мусиқии Душанберо хатм кардааст.
 Аз соли 1973 то охирин рӯзи зиндагӣ , ӯ ҳунарманди номдори театри драмаи донишгоҳи Тоҷикистон ва ҳамчунин узви иттиҳодияи филмбардорони ин кишвар буд. 
 
Нақшофаринӣ дар филмҳои маъруфи шӯравӣ, ба мисли "Вохӯрӣ дар қабри марг", "Панҷ дар роҳ" ва "Зан аз дур" аз фаъолияти касбии ин ҳунарманди тоҷик аст.