Ҷилавгирӣ аз афзоиши бедалели нархи дору дар Хатлон
(last modified Tue, 05 May 2020 07:46:06 GMT )
Май 05, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз афзоиши бедалели нархи дору дар Хатлон

Раиси вилояти Хатлон аз масъулони дорухонаҳо хост бидуни далел нархи доруро афзоиш надиҳанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Қурбон Ҳакимзода гуфт : Рақамҳои телефони (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) барои ҷавобгӯии саволоти мардуми минтақа дар назар гирифта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон аз сокинон низ дархост кард, ки гигиенаи шахсӣ ва иҷтимоиро риоят ва аз ниқобҳои тиббии ҳифозатӣ истифода кунанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд: Кишоварзони минтақа ҳам бояд тавлидоти сабзавот, мева ва пахтаро афзоиш диҳанд.