Май 05, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Инкор кардани хабари бемории Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовири Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва равобит бо ҷомеа шоеъот дар бораи бемории Эмомалӣ Раҳмонро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ҳовар, Абдуҷҷаббор Раҳмонзода шоеъоте дар бораи бемории Эмомалӣ Раҳмон ва интиқоли вай барои дармон ба Олмонро комилан беасос хондааст. 
 
 Вай таъкид кардааст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли кори худ ҳузур дорад ва умури кишварро мудирият мекунад. 
 
Дарҳ рӯзҳои ахир бархе аз сомонаҳои хабарӣ мухолифони давлати Тоҷикистон ахборе дар бораи бемор шудан Эмомалӣ Раҳмон ва интиқоли  вай ба Олмон барои дармонро мунташир карданд. 
 
 Аз ҷумла Шарофиддин Гадоев муовини  раиси паймони миллии  Тоҷикистон дар хориҷ бо ишора ба парвози як фарванди ҳавопаймои gulfstream g-iii- мутааллиқ ба ширкат phoenix air ба Душанбе муддаӣ шуда буд, ки ин ҳавопаймо дар парвози баргашти Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дармон ба Олмон мунтақил кардааст. 
 
Аммо Абдуҷҷаббор Раҳмонзода мушовири Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ин парвоз коршиносони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва кумакҳои пизишкӣ аз Олмон барои мубориза бо вируси корона мунтақил шудааст.

Барчасп