Май 06, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндагиҳои сиёсии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон

Намояндагиҳои сиёсии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд ,ки дар шароити густариши вируси Корона ба тааҳудоти байналмилаллии хеш дар заминаи ҳуқуқи башар ва фаолияти расонаҳои хабарӣ амал кунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, дар ин баёния ,ки сафоратҳои Олмон ва Фаронса ба намояндагӣ аз Иттиҳодияи Аврупо мунташир кардаанд, бар зарурати эътои озодии башар ба расонаҳои хабарии мустақил ва рӯзноманигорони тоҷик барои пушиши ахбори марбут ба густариши вируси Корона таъкид шудааст.

Ин баёния меафзояд ; иттилоърасонии сариъ ва шафоф дар бораи вируси Корона метавонад ҷони ҳазорон инсонро наҷот диҳад аммо мутаасифона дар Тоҷикистон кормандони расонаҳои хабарии мустақил бо фишор , маҳрум будан аз дарёфти ахбор аз мақомоти расмӣ, ҳамкори накардани Ниҳодҳои давлатӣ, фазои тарс ва сонсури шадид рӯ ба рӯ мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳатто аз тамдиди муҷавизи фаолияти теъдоде аз кормандони расонаҳои хабари худдори мекунанд.

Ин дар ҳоле аст,ки расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон мегуянд бо густариши вируси Корона шароити фаолияти онон ба шидат бад шуда ва мақомоти расмии ҳозир ба ҳамкори ва додани иттилоот дар бораи ин бемори намешаванд.

Барчасп