Хуруҷи атбои Русия аз Тоҷикистон бо парвози ихтисосӣ
Май 06, 2020 12:19 Asia/Dushanbe
Ширкати ҳавоии хутути Урали Русия 177 табааи ин кишварро аз Тоҷикистон хориҷ кард.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, сафорати Русия дар Душанбе аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия ба хотири фароҳам намудани заминаи ин парвоз ташакур кардааст.
Иртиботи ҳавои миёни Русия ва Тоҷикистон аз моҳи марти гузашта ба далели густариши вируси Корона қатъ шуда ва акнун бо талоши мақомҳои рус имкони хориҷ кардани атбои ин кишвар аз Тоҷикистон фароҳам шуд.
Барномаи интиқоли атбои Русия аз Тоҷикистон бо парвози ихтисосӣ барои рӯзи чоруми моҳи май барномарези шуда буд ,ки ба далоили фанӣ соати 13 дақиқаи бомдоди чоршанбе шашуми моҳи май анҷом гирифт.
Барчасп