Май 09, 2020 15:59 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Каромат Шарифов аз мудофеони ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик

Каромат Шарифов аз мудофеони ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, додгоҳи ноҳияи Любертсии Маскав  30 ноябри 2017, шаҳрвандии Каромат Шарифовро ба иттиҳоми дарёфти ғайриқонунии гузарномаи шаҳрвандии Русия, бекор кард  ва ӯро бар асоси санади консулгарии Тоҷикистон аз Русия ихроҷ кард ва ба зодгоҳаш баргардонд.

Аммо Шарифов муддаӣ буд, ӯ ба унвони афсари бознишастаи артиши шуравӣ  шаҳрвандии ин кишварро дорад ва ихроҷаш (аз Русия) ба Тоҷикистон бар асоси асноди қалбакии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.

Шарифов иллати ихроҷаш аз Русияро дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик эълом кард, ки боиси норизоятии мақомоти Маскав шудааст.

Аммо талошҳои вай барои исботи ин нукта, ки ӯ фақат дар Тоҷикистон мутаваллид шуда ва замоне, ки ӯ дар артиши шуравӣ хидмат мекард аслан шиносномаи тоҷикӣ вуҷуд надошта ва пас аз фурӯпошии шуравӣ низ ҳеҷ гоҳ шиносномаи Тоҷикистонро дарёфт накардааст ҳам дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷое нарсид ва вай то охари умр аз ҳаққи бозгашти  дубора ба Русия маҳрум шуд.