Май 10, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани ҳузури сокинони Душанбе бидуни ниқоби тиббӣ дар сатҳи шаҳр

Муқаррароти мамнуияти ҳузури сокинони пойтахти Тоҷикистон бидуни ниқоби тиббӣ дар кӯча ва хиёбонҳо, воситаҳои нақлиёт ва хориҷ аз хона аз рӯзи 9 май иҷроӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, неруҳои полис бар раванди иҷроии ин муқаррарот назорат хоҳанд кард ва аз равуои афроди бидуни ниқоби тиббӣ дар сатҳи шаҳри Душанбе ва савори воситаҳои нақлиёти умумӣ шудани онҳо ҷилавгирӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзи нахусти иҷроӣ шудани ин мамнуият дар шаҳри Душанбе 50 мавриди қонуншиканӣ сабт ва аз ҳаракати ин афрод ҷилавгирӣ шудааст.

Ҳамчунин теъдоде аз ронандагони маршуткаҳои мусофиркашӣ ба далели савор кардани мусофирони зиёд ва риоят накардани фосилагирии иҷтимоӣ ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.

Идораи корҳои дохилаи шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон дархост кардааст, ки муқаррароти беҳдоштиро риоят кунанд ва танҳо дар сурати зарурат аз хона хориҷ шаванд.

 

Барчасп