Май 11, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Рухсат ёфтани се шоири тоҷик пас аз шифоёбӣ аз бемории коронавирус

Се шоири тоҷик, ки ба бемории коронавирус мубтало шуда буданд, пас аз дармон аз бемористон рухсат ёфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мақомоти тандурустии вилояти Суғд эълом карданд, ки Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Озарахш- ду шоири машҳури тоҷик, ки зану шавҳар ҳам ҳастанд ва Мирзо Шакурзода аз дигар адибони тоҷик пас аз дармон аз бемористон ҷавоб дода шуданд.

Ин мақомот дар оғоз иллати бистарӣ шудани Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Озарахшро илтиҳоби шуш баён карда буданд, аммо Мирзо Шакурзода бо интишори матлабе бемории худро коронавирус эълом кард.

Ин се нафар пас аз рухсат ёфтан аз бемористон аз заҳамоти кадри пизишкӣ ташаккур карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадалии Аҷамӣ- шоири машҳури тоҷик бар асари бемории коронавирус даргузашт ва Муҳиддин Хоҷазода ва Рустам Қодир ду адиби дигар ҳануз дар бемористон бистарӣ ҳастанд.