Коронавирус нишасти Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро қатъ кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53533-Коронавирус_нишасти_Маҷлиси_қонунгузории_Тоҷикистонро_қатъ_кард
Коронавирус монеи баргузории нишасти ҳафтагии Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 11, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус нишасти Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро қатъ кард

Коронавирус монеи баргузории нишасти ҳафтагии Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Муҳаммадалӣ Ватанзода- муовини раиси Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бо таъиди ин мавзӯъ гуфтааст, ки далели баргузор нашудани нишасти парлумон густариши коронавирус  дар кишвар аст.

Вай таъкид кардааст, ки бар асоси муқаррароти беҳдоштӣ бояд намояндагони парлумони Тоҷикистон фосилагирии иҷтимоии яку ним метрро риоят кунанд, ки дар толори ҷаласоти феълӣ ин имкон вуҷуд надорад.

Ватанзода афзудааст: Агар қарор бошад нишастҳои маҷлиси намояндагон дар макони дигаре баргузор гардад, бояд тамомии таҷҳизоти савтӣ ва тасвирӣ ва кампютерҳои ҳар як аз намояндагон дар ҷойи дигаре насб шавад, ки ин иқдом ба замони бештаре ниёз дорад.

Ба гуфтаи муовини раиси Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи баргузории нишастҳои ин маҷлис бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ имрӯз 11 май тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Дар пайи барканор шудани Насим Олимзода аз симати вазири тандурустӣ ва интисоби Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҷойи вай, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бояд ба вазири нав овози эътимод диҳад, ки ин раъйгирӣ ба далели баргузор нашудани нишасти парлумон ба замони дигаре афтодааст.

Пештар Саидҷаъфар Усмонзода- намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аз мубтало шудани хеш ба коронавирус хабар дода буд.