Роҳандозии сомонаи сабти омори фавтидаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон
Як гурӯҳ аз фаолони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаи вижае барои сабти омор ва мушаххасоти даргузаштагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мубтакирони ин иқдом таъкид кардаанд, ки танҳо тайи ду рӯзи ахир бо истинод ба иттилооти наздикони афроди фавтида бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш номи 124 нафарро мушаххас ва дар сомонаи "https://kvtj.info/" мунташир кардаанд.
Онон ҳадаф аз ин иқдомро шаффофсозӣ ва интишори омори воқеии қурбониёни бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон унвон карда ва муддаӣ шудаанд, ки мақомоти расмии ин кишвар омори воқеии беморонро эълом намекунанд.
Ин фаолон аз тамомии корбарон даъват кардаанд, ки иттилооти комил аз афроди фавтида бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш ва ба вижа наздикони худро дар ин сомона мунташир кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар ду рӯзи ахир беш аз шаш ҳазор нафар аз ин сомона боздид кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи шанбе 10 май теъдоди гирифторони коронавирус дар ин кишвар ба 612 нафар ва фавтидаҳо ба 20 тан расидааст.