Боздошти теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ
Май 12, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт шуданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи gazeta.pl, сервиси марзии Лаҳистон чаҳор шаҳрванди тоҷикро боздошт кардааст, ки ба гуфтаи ожонси амнияти дохилии ин кишвар аз фаолиятҳои ДОИШ ҳимоят кардаанд.
Станислав Жарин, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа (PR)-и назди вазир-ҳамоҳангсози хадамоти махсуси Лаҳистон гуфт: Ин шаҳрвандон аз фаолиятҳои Созмони террористии ДОИШ пуштибонӣ мекарданд.