Охирин омори мубталоён ва фавтшудагони КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз 68 мавриди ҷадиди ибтило ва ду мавриди фавт бар асари бемории КОВИД-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард то соати 17 имрӯз 12 май, теъдоди гирифторони вируси корона дар ин кишвар бо 68 мавриди ҷадид ба 729 нафар расидааст.
Ҳамчунин бар асоси охирин омор, теъдоди афроде, ки аз ин беморӣ ҷон додаанд, бо ду мавриди афзоиш ба 23 нафар расид.
Дар ҳамин ҳол як ҳайат аз Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз авохири моҳи апрел дар Тоҷикистон ба манзури баррасии авзои ин кишвар дар паи густариши вируси карона ба сар мебарад, имрӯз натоиҷи баррасиҳои анҷомшуда дар ин замина дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба иқдомоти муассири ин кишвар бастагӣ хоҳад дошт.
Аз дидгоҳи вай мавзӯи дақиқ будани омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи теъдоди афроди мубтало ва фавтӣ бар асари вируси карона бисёр печида аст.