Ворид шудани ҳудуди 6 миллион сомонӣ ба суратҳисоби Ситоди вижаи муқобила бо коронавируси Тоҷикистон
(last modified 2020-05-13T12:27:04+00:00 )
Май 13, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ворид шудани ҳудуди 6 миллион сомонӣ ба суратҳисоби Ситоди вижаи муқобила бо коронавируси Тоҷикистон

То кунун ҳудуди 6 миллион сомонӣ ба суратҳисоби Фонди пешгирӣ аз шуйюи коронавируси Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ҳамчунин аз таърихи 12 май то кунун 12 ҳазору 300 доллар низ ба ин фонд ворид шудааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: То кунун ҳеҷ пуле аз ин фонд сарф нашуда ва ин маблағҳо фақат бо дастури ситоди муқобила бо коронавирус ва дархости вазорати тандурустӣ ҳазина хоҳанд шуд.